Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия ба шӯришиёни зидди режими Асад кӯмак мекунад


Виллям Ҳейг
Виллям Ҳейг
Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, барои шӯришиёни Сурия, ки бар зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мубориза мебаранд, техникаи ҷангии зиреҳдор медиҳад.

Ҳейг гуфт, ки кӯмакҳои “ғайримаргбор”-и низомӣ ба арзиши 20 миллион доллар посухгӯи вазъи кунунӣ дар чаҳорчӯбаи қонун аст ва ба ононест, ки ба маҳрумиятҳои инсонӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Британия то ҳол ба арзиши 14, 2 миллион доллар дастгоҳҳои тавлидкунандаи барқ ва воситаҳои мухобиротиро дар ихтиёри шӯришиёни Сурия гузоштааст.
XS
SM
MD
LG