Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби давраи дувуми раёсати Юкио Омано


Юкио Омано
Юкио Омано
Шӯрои мудирони Ожонси назорати нирӯи ҳастаии СММ имрӯз бидуни раъйгирӣ давраи нави чорсолаи Юкио Омано аз Ҷопон ба ҳайси мудири кулли ин идораро тасвиб кард. Мақомоти Ожонси ҳастаӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки аъзои Шӯрои мудирон бо иттифоқи оро аз ин қарор ҳимоят кардаанд. Номзадии Омано дар анҷумани умумии Ожонси ҳастаӣ дар моҳи сентябр таҳти раъйгирӣ қарор хоҳад гирифт. Омано дар соли 2009 ба ҷои Муҳаммад Бародаӣ раҳбари Ожонси ҳастаӣ интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG