Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Миср даъвати интихоботро лағв кард


Додгоҳи маъмурии Миср қарори раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсӣ дар бораи шурӯъи интихоботи парлумонӣ дар моҳи апрелро лағв кард. Додгоҳ имрӯз бо ҳукме, ки зоҳиран буҳрони сиёсии Мисрро амиқтар хоҳад кард, қонуни интихоботро барои бозрасӣ ба Додгоҳи олии Қонуни асосӣ супурд. Мурсӣ моҳи гузашта ба баргузории интихобот дар 4 давра аз 22 апрел амр карда буд. Эътилофи умдаи мухолифини Миср – Ҷабҳаи наҷоти миллӣ – бо изҳори шубҳа дар бораи шаффофияти интихобот таҳдид кард, ки ин раъйгириро бойкот хоҳад кард. Ин ташаккул ҳамчунин хостори таҳияи қонуни нави интихобот шуд, чунки қонуни феълӣ ба фоидаи исломгароёни тарафдори Мурсист. Мурсӣ ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG