Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ҳамсари Бачаҷонов 30 000 сомонӣ хоҳанд дод


Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон бар асоси тавофуқи тарафайн ба ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки соли 2011 бар асари латукӯб дар боздоштгоҳ даргузашт, 30 000 сомонӣ( беш аз 6000 доллар) ҷуброн пардохт хоҳад кард. «Азия Плюс» хабар дод, ки ин қазияро рӯзи 4 март додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба нафъи хонаводаи Бачаҷонов ҳалл кардааст. Ҳамсари Бачаҷонов, ки аз ӯ дар додгоҳ вакили Маркази мустақили ҳуқуқи башар ҳимоят мекард, аз идораи зиндонҳо 655 000 сомонӣ талаби ҷуброн карда буд. Вале идораи зиндонҳо гуфтааст, тавони пардохти чунин пулро надорад. Исмоил Бачаҷонови 32-сола, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, қабл аз таҳвилаш ба зиндон дар боздоштгоҳ даргузашт. Бо ҷурми латукӯби ӯ ду зиндонбон 6-солӣ ва якеи дигар 3 сол ҳукми зиндон гирифтанд, вале севумӣ бар асоси қонуни афв раҳо ёфт .
XS
SM
MD
LG