Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Футбол СССР" аз чоп баромад


Бо ин ном як рӯзномаи варзишӣ дар майдони матбуоти соҳаи варзиши Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Шумораи нахустини «Футбол СССР» рӯзи чаҳоршанбе дар дӯконҳои рӯзномафурушӣ дар ҳаҷми 16 саҳифа ба дасти хонандагон ва ҳаводорони варзиш расид.

Сайёфи Мизроб, муассиси ҳафтаномаи СССР, ба муносибати нашри шумораи нахустини «Футбол СССР» мегӯяд, ки шавқ ва рағбати ҷомеаи Тоҷикистон ба варзиш ва хусусан ба футбол, ҳайати эҷодии онҳоро тақрик додаст, ки ин рӯзномаро ба чоп расонанад. Илова ба ин, вай меафзояд, ки дар рӯзҳои наздик чемпионати ҷумҳуриявии футбол дар Тоҷикистон оғоз мешавад ва «Футбол СССР» ҳамчун як минбар ахбори варзишиӣ хизмат хоҳад кард.

Дар шумораи нахустини "Футбол СССР" мақола ва гузоришиҳо дар бораи футболистҳои машҳури ҷаҳон чун Роналдо, Пеле, Марадона ва оид ба ширкати футболбозони тоҷик дар тимҳои байналмилалӣ ба нашр расида, вазъи футболи Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG