Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хатлон аз коҳи гандуму ҷав, коғаз истеҳсол мекунанд


Ахиран дар ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, нахустин корхонаи тавлиди коғаз бо номи «Ёсуман» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии ҳукумати вилояти Хатлон, дар ин корхона шаш навъи коғаз аз коҳи гандум, ҷав ва пахоли шолӣ истеҳсол карда шуда, 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ҳақмузди шоиста таъмин гардидаанд.

Дар корхонаи мазкур барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ 60 фисади ҷараёни тавлидот бо истифода аз ангишт ба роҳ монда шудааст. Мақомоти вилояти Хатлон таъсиси чунин корхонаҳои саноатиро дар пешрафти вазъи иқтисодӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти чопхонаҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли ҷорӣ дар Хатлон се матбаа бо таҷҳизоти замонавӣ ба кор шуруъ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби истеҳсоли коғаз дар ин корхона хароҷоти табъу нашри китобу маҷалла ва рӯзномаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ кам гардида, талабот ба ин навъи маҳсулот ба қадри кофӣ таъмин мегардад. Дар ҳамин ҳол, ширкати давлатии «Матбаа»-и вилояти Хатлон ояндаи наздик соҳиби дастгоҳи муосири чопӣ гардида, имкони чопи бемаҳдуди нашрияҳои вилоятро дар форматҳои гуногун пайдо хоҳад кард.

Ба иттилои Сайвалӣ Сайфуллоев, сарвари Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсолии «Матбаа»-и вилояти Хатлон, ахиран барои хариди дастгоҳи нави чопӣ қариб ним миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Вай афзуд, дар сурати дастрас гардидани ин маблағ, таҳияи дастгоҳи нав дар яке аз корхонаҳои Ҳиндустон ё Чин фармоиш дода шуда, ба этимоли зиёд нимаи дуюми сол ба Қӯрғонтеппа оварда мешавад.

- Агар дастгоҳи навро дастрас кунем, имкони нашри рӯзномаҳои калонҳаҷми формати А2, назири нашрияи «Хатлон» ё «Ҷумҳурият»-ро ҳам хоҳем дошт, - афзуд С. Сайфуллоев. – Ҳамчунин то 5 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG