Пайвандҳои дастрасӣ

Як қочоқбари афғон ба дасти марзбонони тоҷик афтод


Кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо марзбонони қисми низомии 2610, мустақар дар ноҳияи Панҷ, ахиран аз интиқоли 16,305 кило маводи мухаддир аз тарафи чанд тан узви гуруҳи фаромиллии нашъаҷаллоб аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.

Ба иттилои масъулони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, дар натиҷаи даргирӣ як нафар нашъаҷаллоби афғонтабор - Рамазон валади Тухтари 35-сола, сокини вилояти Тахор, вулусволии “Хоҷаи Ғор” дастгир гардида, аз ӯ минҷумла 13,290 кило бангдона ва 3,015 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Дигар аъзои ин гуруҳ ба самти Афғонистон панаҳ бурдаанд. Оид ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.
XS
SM
MD
LG