Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 мавриди зукоми хук аз аввали сол


Имсол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 6 мавриди гирифторӣ ба зукоми хук сабт шудааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси хадамоти беҳдоштиву зиддиуфунии Тоҷикистон ба “Авесто” гуфтааст, вазъ таҳти назорат қарор дорад ва дар фурудгоҳҳои Душанбеву Кӯлоб, Қӯрғонтеппаву Хуҷанд ва Хоруғ нуқтаҳои назоратӣ амал мекунанд. Оқои Ҷаъфаров афзуд, нуқтаи авҷи печидан ба ин маризии кушанда дар Тоҷикистон соли 2009 буд, ки аз 182 гирифтори зукоми хук 12 нафар, аз ҷумла 11 зани ҳомила, даргузаштанд.
XS
SM
MD
LG