Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як марди 50-сола дар Кӯлоб худро ба оташ кашид


Як сокини шаҳри Кӯлоб, рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми март, дар саҳни ҳавлии зисташ худро оташ задааст. Алишер Кабиров, сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, ки нахост номи ин мардро ифшо намояд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай худро бо маводи сӯхти навъи бензин ба оташ кашида ва 96 дарсади баданаш сӯхтааст. Масъулони бемористон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ задани ин мардро эълом накардаанд, аммо гуфта мешавад мушкилоти хонаводагӣ мояи ин амр шудааст.

Пизишкон мегӯянд, тамоми талошро барои наҷоти ин мард хоҳанд кард. Ҳарчанд ба таъкиди онҳо, то ҳол дар таҷриба чунин мавриде нашудааст, ки бо 96 дарсади сӯхтани бадан, инсоне зинда монда бошад. Зимнан, марде, ки худро дар маркази шаҳри Кӯлоб ба оташ кашидааст, соҳиби панҷ фарзанд буда, дар бозори ин шаҳр ба тиҷорат машғул будааст.

Худкушии ин мард дар ҳолест, ки тибқи иттиллои расмии Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон, худкушии мардон дар нисбати занон соли гузашта дар ҳоли афзоиш будааст. Аз 87 ҳодисаи кушторе, ки дар як соли ахир иттифоқ афтодааст, 46 нафарашонро мардон ташкил додаанд, ки дар нисбат ба занон 5 нафар бештар будаанд. Коршиносон низ моҷароҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иқтисодиро сабабгори аслии худкушии мардон медонанд.
XS
SM
MD
LG