Пайвандҳои дастрасӣ

Куммиссиюни Аврупо ширкати «Microsoft”-ро барои нақзи қарордоди зиддиинҳисорӣ 561 миллион евро(731 миллион доллар) ҷарима баст. Мақомоти ИА мегӯянд, ин ширкати компутарии Амрико аз моҳи майи соли 2011 то июли соли 2012 бо пешниҳоди мурургардҳои Интернет барои корбарони барномаи “Windows” созишномаи соли 2009-ро поймол кардааст. Дар натиҷа 15 миллион корбари “Windows” дар ИА маҷбур шудаанд, танҳо аз барномаи Internet Explorer , сохти худи “Microsoft” истифода кунанд. Кумиссари ИА дар умури рақобат Хоакин Алмуния гуфт, ин бори аввал аст, ки ИА як ширкатро барои иҷро накардани ин қарордод муҷозот мекунад. “Microsoft “ “иштибоҳи фаннӣ”-ро далели риоя нашудани ин қарордод номид. ИА дар 4 дафъа “Microsoft”-ро дар маҷмӯъ қариб 2,2 миллиард евро ҷарима бастааст.
XS
SM
MD
LG