Пайвандҳои дастрасӣ

Седракиёнро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифтанд


Armenia -- Presidential candidate Vardan Sedrakyan at a press conference in Yerevan. 10Jan2013

Armenia -- Presidential candidate Vardan Sedrakyan at a press conference in Yerevan. 10Jan2013

Додгоҳи Ереван ҳукми ҳабси думоҳаи номзади собиқ ба мақоми раёсатҷумҳурии Арманистон Вардан Седракиёнро содир кард. Ин ҳукм шоми сешанбе дар пайи боздошти Сердакиён аз сӯи Хадамоти амнияти миллӣ бо гумони даст доштан дар сӯъиқасд ба ҷони номзади дигар Паруйр Ҳайрикиён содир шуд.
Вакили Седракиён – Александр Сируниён – ин иттиҳомро бепоя номид. Ҳайрикиён, ки раҳбари ҳизби худшиносии миллист, рӯзи 31 январ дар Ереван дар як ҳамла чанд тир хӯрд. Пулис баъдан 2 нафарро бо гумони анҷоми ин ҳамла дастгир кард. Седракиён ҳанӯз чанд рӯз қабл аз интихоботи 18 феврал гуфта буд, боздоштшудаҳо барои рангубори манзили ӯ истихдом шуда буданд ва ӯ метарсад, ки дар ин ҷиноят айбдораш хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG