Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул назорати зиндони Багромро ба даст меорад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай эълон кард, ки зиндони Багром – боздоштгоҳи асосии таҳти идораи Амрико – то чанд рӯзи дигар зери назорати давлати ӯ хоҳад омад. Карзай имрӯз ба парлумон гуфт, “чанд соли талошҳо барои таҳвили ин зиндони таҳти назари Амрико билохира натиҷа дод ва ҳафтаи оянда ин таҳвил сурат хоҳад гирифт.” Карзай ҳамчунин аз нирӯҳои амниятӣ хост ба мавридҳои шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба мардуми афғон поён диҳанд. Музокироти Кобул бо Вошингтон бар сари назорати зиндони Багром як сол боз идома дошт. Карзай соли гузашта Амрикоро ба нақзи тавофуқ дар мавриди таҳвили беш аз 3000 маҳбуси ин боздоштгоҳ ба зиндонҳои Афғонистон айбдор кард. Афғонҳо ин мавзӯъро як масъалаи ҳассос барои истиқлолияти худ медонанд.
XS
SM
MD
LG