Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори паноҳҷӯён аз Сурия 1 миллион шудааст


Паноҳҷӯёни суриягӣ дар Урдун

Паноҳҷӯёни суриягӣ дар Урдун

Идораи паноҳандагони СММ мегӯяд, шумори фирориён дар ду соли низоъи Сурия ба 1 миллион нафар расидааст. Раҳбари ин идора Антонио Гутеррес гуфт, қариб нисфи ин паноҳҷӯёнро кӯдакон ташкил медиҳанд. Гутеррес ҳушдор дод, ки бо миллионҳо беҷошуда дар дохил ин кишвар “ба вартаи як офати мукаммал фурӯ меравад.” Ӯ афзуд, “имкони вокуниши байналмилалии башарӣ ба таври хатарнок маҳдуд аст ва пеши ин фоҷиа бояд гирифта шавад.” Аксари фирориҳо аз Сурия дар Лубнону Урдун, Туркияву Ироқ ва Миср паноҳ бурдаанд. Ба ҳисоби СММ, аз оғози ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад 70 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG