Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таслияти раҳбарони ҷаҳон ба Венесуэла


Дар Венесуэла дар пайи даргузашти раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуго Чавес 7 рӯзи мотам эълон кардаанд. Чавес, ки яке аз раҳбарони барҷастаи чапгарои Амрикои Лотинӣ ба шумор мерафт ва 14 сол боз бар Венесуэла ҳукм меронд, рӯзи сешанбе дар пайи ду соли набард бо саратон вафот кард. Маросими дафни ӯ рӯзи ҷумъа доир хоҳад шуд. Ёрони Чавес дар минтақа даргузашти ӯро «бохти бузург» хонда, дар Куба низ 3 рӯзи мотам эълон шудааст.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳимояти Вошингтон аз мардуми Венесуэла ва манфиатдориаш ба “рушди равобити созанда” бо ин кишварро изҳор дошт. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Чавесро “як марди ғайриоддӣ ва нерӯманд” тавсиф кард, ки дар рушди равобити ду кишвар саҳми бузург дошт. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва аз ёрони наздики Чавес гуфт, ӯ аз «як бемории машкук» «шаҳид» шуд. Аҳмадинажод дар номаи таслияташ ҳамчунин гуфт: «Тардид надорам ки ӯ боз хоҳад гашт ва ҳамроҳи ҳазрати Масеҳ ҷомиаи башариро дар истиқрори сулҳу адолати комил ёрӣ хоҳад кард.»
XS
SM
MD
LG