Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи 2 "таҳрирӣ"-и тоҷик ба додгоҳи Маскав рафт


Мақомоти Маскав парвандаи се гумонбари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи мазҳабии Ҳизб-ут-таҳрирро ба додгоҳи ноҳияи Мешанский фиристодаанд. Ду тан аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Онҳо дар як амалиёт ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2011 боздошт шудаанд. Мақомот онҳоро ба тавзеъи шабномаҳои ҳизби Таҳрир айбдор мекунанд. Фаъолияти ҳизби Таҳрир, ки барои бунёди хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад, дар Русияву Тоҷикистон манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG