Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чавес аз як "бемории машкук" "шаҳид" шуд"


Чавес ва Аҳмадинажод(Акс аз бойгонӣ)
Чавес ва Аҳмадинажод(Акс аз бойгонӣ)
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва аз ёрони наздики Ҳуго Чавес гуфт, ӯ аз «як бемории машкук» «шаҳид» шуд. Аҳмадинажод дар номаи таслияташ ҳамчунин гуфт, ки «ҳарчанд Чавес дар байни мо нест, вале рӯҳи ӯ дар дили мардуми Амрикои Лотин… зинда аст.» Ӯ афзудааст: «Тардид надорам ки ӯ боз хоҳад гашт ва ба ҳамроҳи ҳама солеҳон ва ҳазрати Масеҳ ва танҳо боқимонда аз насли покон, инсони комил хоҳад омад ва ҷомиаи башариро дар истиқрори сулҳу адолати комил ва меҳрубониву камол ёрӣ хоҳад кард.»
Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес дар синни 58 даргузашт. Ноиби ӯ Николас Мадуро тавассути телевизион гуфт, ки Чавес "баъди қариб 2 соли набард бо маризии сангин" дунёро падруд гуфт. Чавес аз миёнаи соли 2011 ба ин сӯ дар Куба 4 бор ҷарроҳии саратон карда буд. Ҷарроҳии охири ӯ 11 декабр буд ва Чавес аз он замон дар мазҳари омм зоҳир нашуд. Чавес ба ин кишвари Амрикои Лотинӣ 14 сол боз ҳукм меронд. Ӯ моҳи октябр барои 6 соли дигар раисиҷумҳури Венесуэла интихоб шуд, вале ба иллати маризӣ натавонист моҳи январ адои савганд кунад. Даргузашти Чавес ҳамагӣ чанд соат баъд аз баёнияи Мадуро дар бораи ихроҷи ду дипломати амрикоӣ аз Венесуэла ва гумон задани ӯ, ки Амрико ба сурате дар гирифтории Чавес ба саратон даст дорад, эълон шуд. Вошингтон билофосила ин иттиҳомро «сафсата» номида, радд кард.
XS
SM
MD
LG