Пайвандҳои дастрасӣ

“Равшан” аз дастаи “Ал-Рамза” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд


 Бозӣ миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Ал-Рамза"-и Урдун дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд. 6-уми марти соли 2013.

Бозӣ миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Ал-Рамза"-и Урдун дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд. 6-уми марти соли 2013.

Бозӣ миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ал-Рамза”-и Урдун дар шаҳри Хуҷанд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон, ва тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, баргузор шуд.

ГУЗОРИШИ ОНЛАЙН АЗ РАФТИ БОЗӢ:

Дақиқаи нуздаҳуми бозӣ аст ва сабқат бо бартарии комили футболбозони "Равшан" ҷараён дорад.

Дар дақиқаи бистум легионери "Равшан" Саламон Такӣ ба сӯи дарвозаи урдуниҳо зарба зад, вале ҳимоятгари меҳмонон тӯбро баргардонд.

Дар дақиқаи 24-ум бозигари "Рамза" Мусъаб Муҳаммад Ал-Лаҳҳам ба дарвозаи "Равшан" зарба зад, вале дарвозабони мизбонон тӯбро баргардонд.

Дар дақиқаи 27-ум Саламон Такӣ тӯби партофтаи Ҳикматулло Расуловро ба сӯи дарвозаи меҳмонон фиристод, вале он аз болои тири дарвоза гузашт.

Дақиқаи 30-юми бозӣ ҳамоно бо бартарии "Равшан" идома дорад, вале футболбозони шаҳри Кӯлоб ҳанӯз ба задани гол муваффақ нашудаанд.

Бозигарони “Равшан” пайваста ҳуҷум мекунанд, вале бе натиҷа.
Дақиқаи 32-юми бозӣ, ҳисоб 0:0.

Зарбаи Саламон Такӣ ба сӯи дарвозаи меҳмонон дар дақиқаи 34-ум боз ҳам натавонист, ки ҳисоби бозиро тағйир диҳад.

Дар дақиқаҳои ахири нимаи аввал, бозӣ бештар дар нимаи майдон идома дорад.

Ҳавои Хуҷанд имрӯз баҳорӣ ва на гарму на сард буда, ҳоло насими форам мевазад ва шамол як каме шиддат мегирад, аммо на ба ҳадде ки ҳаракати тӯбро боздорад.

Барои пуштибонӣ аз дастаи "Равшан" бештар аз се ҳазор мухлис аз Кӯлоб ба Хуҷанд омадаанд. Теъдоди зиёде аз мухлисони "Равшан" аз шаҳрҳои дигари кишвар дар майдон ҳузур доранд.

Лаҳзаи аз ҳама хавфнок дар дақиқаи 44-ум рух дод ва зарбаи меҳмононро дарвозабони "Равшан" баргардонд, тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

Соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ қисми дувуми бозӣ миёни дастаҳои "Равшан" ва "Ал-Рамза" оғоз ёфт.

Дар дақиқаи 51-ум Нӯъмон Ҳакимов аз масофаи хеле дур ба сӯи дарвозаи меҳмонон зарба зад, вале Абдулло Файз, дарвозабони "Ал-Рамза", муваффақ шуд тӯбро аз ворид шудан ба тӯри дарвоза нигаҳ дорад.

Дар дақиқаи 56-ум меҳмонон наздик буд, ки тӯбро вориди дарвозаи "Равшан" намоянд, вале дарвозабон онро бо як маҳорати хос бартараф кард.

Дар нимаи дувум меҳмонон фаъолтар шуданд ва ду лаҳзаи хатарнокро дар назди дарвозаи "Равшан" ба вуҷуд оварданд.

Дақиқаи 62-юм. Зарбаи ҷаримавӣ ба сӯи дарвозаи "Равшан", вале тӯб аз паҳлӯи сутуни дарвоза гузашт ва ба берун рафт.

Мухлисони "Равшан" табл мезананд ва самимона аз дастаи худ пуштибонӣ менамоянд. Ин бозиро дар варзишгоҳ 13,500 нафар тамошо мекунад.

Дар дақиқаи 68-ум тӯбро Мусъаб Муҳаммад Ал-Лаҳҳам вориди дарвозаи "Равшан" кард.

Дар дақиқаи 70-ум довар ба Мусъаб Муҳаммад Ал-Лаҳҳам, корти зард нишон дод.

Дар дақиқаи 72-юми мусобиқа дар ҳайати "Равшан" бозигар иваз шуд. Ба ҷои Ҳикматуллоҳ Расулов бозигари шумораи 14 Бахтиёр Ҳасанов вориди майдон шуд.

Дар дастаи "Равшан" мусобиқа як бозигар иваз шуд ва Индус Ҳусейнов ба ҷои Давронҷон Тухтасунов ба майдон омад.

Дар лаҳзаҳои ахири бозӣ "Равшан" фаъолтар шудааст ва дар дақиқаи 79-ум дарвозабони урдуниҳо зарбаи бозигари Кӯлобро баргардонд.

Дар ҳайати дастаи "Ал-Рамза" як бозигар иваз шуд. Ба ҷои бозигари шумораи 8 бозигари шумораи 17 ба майдон омад.

Чаҳор дақиқаи то анҷоми бозӣ боқӣ мондааст ва "Равшан" дарвозаи меҳмононро пайдарпай мавриди ҳамла қарор медиҳад ва дар дақиқаи 85-ум футболбозони тоҷик имкони хеле хуб доштанд, ки ҳисобро баробар намоянд, вале дарвозабон тӯбро маҳкам дошт. Чунин ба назар мерасад, ки меҳмонон вақти бозиро кашол доданӣ ҳастанд.

Як дақиқа то анҷоми бозӣ ва охирин фурсати "Равшан" бо задани як зарбаи ҷаримавӣ. Вале бозигарони шаҳри Кӯлоб аз ин фурсати муносиб истифода бурда натавонистанд.

Вақти асосии бозӣ поён ёфт ва довар се дақиқаи иловагӣ таъин намуд.

Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.


Ҳайатҳои дастаҳо:

Равшан”: Рустам Ризоев, Содиқ Мӯсо, Давид Маутор, Одил Эргашев, Сайриддин Ғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов, Саламон Такӣ, Даврон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Нуъмон Ҳакимов.
Бозигарони эҳтиётӣ: Неъматулло Тошев, Эраҷ Холов, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов, Комрон Сайидзод, Индус Ҳусейнов, Сайидхони Ҳамрохон, Баҳодур Шамсов, Фаридун Рустамов.
Сармураббӣ: Ғайрат Мираҳмадов.

“Ал-Рамза”: Абдулло Файз, Солеҳ Диабат, Амир Алӣ Аҳмад, Муҳаммад-ал-Довуд, Муҳаммад Хайр, Мусъаб Муҳаммад Ал Лаҳҳам, Ал Башир, Рамӣ Абдусамараҳ, Алӣ Умар Хаёлӣ, Амангова, Муҳаммад Касос.
Бозигарони эҳтиётӣ: Аҳмад Ал Сагаир, Ияд Ал Хатиб, Сулаймон Салмон, Ҳамза Хафнавӣ, Куаттара, Бассел Ал Шаар.
Сармураббии даста: Билоли Ёсин Ал-Лаҳҳам

Доварон: Владислав Тсейтлин (сардовар), Ҷаҳонгир Саидов, Ҳусниддин Шодмонов, Азиз Осимов (ҳама - Узбакистон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Ризо Касроӣ (Эрон).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG