Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4300 зан дар Хатлон мансабҳои раҳбарикунанда доранд


Наздики 4300 нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти идораи давлатии вилояти Хатлон кор мекунанд. Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, зимни ироаи ин рақам, дар нишасте бахшида ба Рӯзи модар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ин рақами ниҳоӣ набуда, қарор аст батадриҷ бонувони хатлонӣ ба мақомоти баландтари идораи давлатӣ бирасанд.

«Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон мо тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамоем. Мо ба масъалаҳо ва мушкилоти занон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тадриҷан аз байн бурдани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем. Масъалаҳои ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон тадриҷан ба эътидол оварда мешаванд», - афзуд Ғ. Афзалов.

Ҳоло дар ҳар яке аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон занон дар мақоми муовини раиси шаҳру ноҳия, раис ё муовини раиси ҷамоатҳо, роҳбарии мақомоти дигари давлатӣ кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон низ зиёда аз 16 ҳазор занони омӯзгор ва мураббиён ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Дар байни онҳо 22 нафар дорои унвони «Кормандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, 83 нафар бо «Ифтихорномаи Ҳукумати Тоҷикистон» ва 920 нафарашон дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ҳастанд. Тайи 15 соли охир 1812 нафар ҷавондухтарон тариқи квотаи президентӣ шомили донишгоҳҳо гардида, соҳиби маълумоти олии касбӣ шудаанд.

Айни ҳол 2100 нафар ҷавондухтарони Хатлон дар мактабҳои олии Тоҷикистон бо имтиёзе, ки квотаи президентӣ барояшон додааст, таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG