Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи гумонбарони сӯъиқасд ба ҷони Филин


Павел Дмитриченко дар нақши Иван Грозний
Павел Дмитриченко дар нақши Иван Грозний
Пулиси Маскав эълон кард, ки ҳамаи 3 гумонбари сӯъиқасд ба ҷони раҳбари бадеии Болшой Театр Сергей Филин даст доштани худ дар ин ҷиноятро эътироф кардаанд. Дар авоили сол ба рӯи Филин кислота пошиданд, ки дар натиҷа ӯ қариб буд кӯр шавад. Пулис гуфт, раққоси Болшой Театр Павел Дмитриченко, ки рӯзи сешанбе дастгир шуд, ва ду гумонбари дигар, ки якеаш ба рӯи Филин кислота пошиду дигарӣ мошини ҳамлагаронро ронандагӣ мекард, ба гуноҳи худ иқрор кардаанд. Ин ҳамла дар назди манзили Филин аҳли Русияро таккон дод ва набардҳои пушти пардаи яке аз мӯътабартарин саҳнаҳои театрии ин кишварро вирди забонҳо кард.
XS
SM
MD
LG