Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуго Чавес дар синни 58 даргузашт


Гирдиҳамоии тарафдорони Чавес дар Каракас дар пайи эълони марги ӯ

Гирдиҳамоии тарафдорони Чавес дар Каракас дар пайи эълони марги ӯ

Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес дар синни 58 даргузашт. Ноиби ӯ Николас Мадуро тавассути телевизион гуфт, ки Чавес «баъди қариб 2 соли набард бо маризии шадид» дунёро падруд гуфт. Чавес аз миёнаи соли 2011 ба ин сӯ дар Куба 4 бор ҷарроҳии саратон карда буд. Ҷарроҳии охири ӯ 11 декабр буд ва Чавес аз он замон дар мазҳари омм зоҳир нашуд. Чавес ба ин кишвари Амрикои Лотинӣ 14 сол боз ҳукм меронд. Ӯ моҳи октябр барои 6 соли дигар раисиҷумҳури Венесуэла интихоб шуд, вале ба иллати маризӣ натавонист моҳи январ адои савганд кунад. Даргузашти Чавес ҳамагӣ чанд соат баъд аз баёнияи Мадуро дар бораи ихроҷи ду дипломати амрикоӣ аз Венесуэла ва гумон задани ӯ, ки Амрико ба сурате дар гирифтории Чавес ба саратон даст дорад, эълон шуд. Вошингтон билофосила ин иттиҳомро «сафсата» номида, радд кард.Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва аё ёрони наздики Чавес гуфт, ӯ аз «як бемории машкук» «шаҳид» шуд. Аҳмадинажод дар номаи таслияташ ҳамчунин гуфт, ки «ҳарчанд Чавес дар байни мо нест, вале рӯҳи ӯ дар дили мардуми Амрикои Лотин… зинда аст.»
XS
SM
MD
LG