Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар водии Вахши вилояти Хатлон танҳо дар се рӯзи ахир 23 ронандаи мошинҳои сабукравро дар ҳоли бадмастӣ дарёфтаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши мизони қонуншиканӣ дар миёни ронандагони воситаҳои нақлиётӣ дар вилояти Хатлон, мақомоти интизомӣ дар ҷодаҳои маҳаллӣ амалиёти вижа доир намуданд.

Ёрмаҳмад Давлатов, сухангӯи идораи БДА дар вилояти Хатлон, гуфт, нисбати ҳамаи 23 ронанда, ки дар ҳоли мастӣ пушти чанбараки мошин нишаста буданд, парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол хоҳад шуд.

«Идора кардани мошин дар ҳолати мастӣ ва ё истифодаи мошинҳои сиёҳшиша ва бе рақами қайди давлатӣ ҷазои маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагиро пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо санад тартиб дода, ба додгоҳ мефиристем, то ки чора андешад. Масалан, идора кардани мошини сиёҳшиша то 1000 доллари амрикоӣ ҷарима дорад. Магар беҳтар нест, ки иҷозаи расмӣ дарёфт кунанд.»

Ҷаноби Давлатов афзуд, тибқи қонун, афроде, ки дар ҳоли мадҳушӣ, ё бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ худравҳоро идора мекунанд, барои аз 6 моҳ ё якумра аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд.


Дар ҳамин ҳол, бархе шаҳрвандонро низ афзоиши садамаҳои нақлиётӣ, дониши начандон баланди ронандаҳои мошинҳои сабукрав ва дар ҳоли мастӣ идора кардани мошин нигарон кардааст. Тӯраҷон Ҳабибов, сокини ноҳияи Вахш: «Ронандае, ки ҳушманд аст, бояд арақ нанӯшад. Бояд этиёт кунад, ки ҳаёти худ ва нафари дигарро насӯзад. Мутаассифона, бисёранд ин хел одамон…»

Дӯстмаҳмад Аминов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа: «Ронандаҳои ҷавонро хунашон дар ҷӯш аст, маст, ки шуданд, на пиёдагардону чуқурии роҳҳо пеши назарашон метобад ва на баландшавии суръати мошин. Гапи одамони бузургсол ба гӯшашон намерасад. Фаромӯш мекунанд, ки фоҷеа метавонад танҳо як бор рӯй диҳад ва ин хотимаи умр бошад.»

Шарифбек, сокини ноҳияи Бохтар мегӯяд: «Ҳоло таксӣ бисёр шудааст, бисёр намехостам, ки мусофири мошини ронандааш бадмаст шавам. Як дафъа ҳамин хел ҳам шуда буд. Бо ронанда ҷангҷол шудам, ки чаро дар чунин ҳол мусофиркашонӣ мекунад. Махсусан шабҳо аз бетартибии ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки ронандаашон ҳушёр нестанд ва хатари рӯй додани садамаҳои ҳалокатбор зиёдтар мешавад…»

Саидамин Додов, сокини ноҳияи Вахш, ки соле қабл мактаби ронандагиро хатм кардааст, мегӯяд, шоҳиди ин ҳол будааст, ки шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонон номи худро дар рӯйхати муҳассилони давраи омӯзишӣ сабт карда, ба муаллим пул медоданд, аммо ба дарсҳо ҳозир намешудаанд. Ба иддаои ӯ, қисмате аз ронандаҳои феълӣ шаҳодатномаи ронандагиро бар ивази пора ба даст меоранд, биноан, қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро намедонанд.

Саидамин Додов ҳамчунин гуфт, ки борҳо дучори ронандаҳои бадмаст шудааст: «Бисёр вақт дар рӯзҳои тӯю маъракаҳо ба чашм мехӯрад, ки ҷавонон нӯшидагӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ мошини падар ё бародарашонро гирифта, меронанд. Ҳатто тӯю маъракаи мардумро вайрон мекунанд. Бетартибӣ мекунанд, дигар мошинҳоро роҳ намедиҳанд, дар ҷойҳои мамнуъ «обгон» мекунанд, ҳолати садамавиро эҷод мекунанд. Чанд дафъа шоҳиди садамаҳо ҳам шудаам, ки бар асари мадҳушии ронандаҳои ҷавон рух додаанд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни амалиёти муштараки мақомоти интизомӣ дар роҳҳои қаламрави водии Вахш, дар се рӯзи ахир ҷамъан қариб 600 мавриди қонуншиканӣ сабт шудааст.

Ба иттилои Ёрмаҳмад Давлатов, сухангӯи идораи БДА-и Хатлон, аз ҷумла 173 мавриди бе ҳуҷҷати ронандагӣ идораи кардани мошин, 20 мавриди истифодабарии мошинҳои сиёҳшиша, 15 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ рондани худрав ва 13 мавриди итоат накардан ба кормандони милитсия сабт шудааст, ки амнияти ҳаракати мошинҳо ва пиёдагардонро халалдор кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG