Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз нахустин бозии “Равшан” дар мусобиқаи қитъавӣ


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро имрӯз, 6-уми март, дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун анҷом медиҳад.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон, ва тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, соати 15 шурӯъ мешавад.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Равшан”, ба “Озодӣ” гуфт, “дар ҳамин ҳол ду ҳазор мухлисони “Равшан” тавассути 100 адад нақлиёти автомобилӣ ба шаҳри Хуҷанд барои дастгирии дастаашон бо парчаму шиорҳо ва рамзҳои бошгоҳ омадаанд. Мизбонон барои дар сатҳи баланд гузаштани бозӣ шароити хуб фароҳам сохтаанд. Барои нигоҳ доштани тартибот дар варзишгоҳ якуним ҳазор кормандони пулис ва амният сафарбар шудаанд. Бояд гуфт, ки имрӯз дар таърихи дастаи “Равшан” рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро ки қаҳрамони Тоҷикистон барои аввалин бор дар чунин мусобиқаи қитъавӣ иштирок мекунад. Айни ҳол бозигарони “Равшан” дар меҳмонхонаи “Баҳористон”-и шаҳри Қайроққум омодагии охирини худро ба ин бозии таърихӣ мебинанд. Рӯҳияи бозигарони мо баланд аст ва онҳо танҳо баҳри ғалаба пой ба майдон мениҳанд. Дар ин бозӣ футболбозони «Равшан» бо либоси рангаш бунафш ва бозигарони Урдун бо либоси кабуд ҳунарнамоӣ мекунанд.”

Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии дастаи «Равшан», дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: «Омодагиро ба Ҷоми АФК мо ҳанӯз моҳи январ шурӯъ карда будем. Якчанд марҳилаи омодагиро дар Кӯлоб, Норак ва дар ин ҷо, дар Қайроққум, анҷом додем. Вазъи фаъолияти бачаҳо хуб аст, ҳама ба мубориза омодаем. Мо ба бачаҳои худ бовар дорем, ки онҳо Тоҷикистонро дар Ҷоми АФК сазовор намояндагӣ мекунанд. Дар ин мавсим ҳайати дастаи моро Давронҷон Тухтасунов, Абдусамад Ҳоҷибоев ва Сайриддин Ғаффоров пурра гардонданд. Дар бораи рақибамон - «Ал-Рамза»-и Урдун маълумоти хеле кам дорам. Мо кӯшиш намудем, ки сабти навори бозиҳои ин дастаро дастрас кунем, вале, мутаассифона, ин корро карда натавонистем. Бинобар ин ман дар бораи рақибамон чизе гуфта наметавонам. Ва аммо кӯшиш мекунем, ки муқобили рақиб бозии хуб нишон диҳем. Мо ба дастгирии мухлисонамон хеле ниёз дорем.”


Одил Эргашев, капитани дастаи «Равшан», ба хабарнигорон гуфтааст, ки «мо ба бозӣ бо рӯҳияи баланд ва хеле ҷиддӣ омодаем. Мо рақибро эҳтиром мекунем, вале пеш аз бозӣ тарс надорем. Бо ҳама гуна даста бозӣ кардан мумкин аст ва танҳо баҳри ғалаба бозӣ хоҳем кард. Ба ин нигоҳ накарда, ки мо дар Хуҷанд бозӣ мекунем, бисёр умедворем варзишгоҳ аз мухлисон пур мешавад ва дар навбати худ мо тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳоратамонро баҳри он равона мекунем, ки тамошогаронро маъюс насозем.”
XS
SM
MD
LG