Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри- Ланка рӯзи 5-уми март аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Коломбо то 10-уми март идома меёбад, дастаҳои духтаронаи синнашон то 14-солаи Бангладеш, Бутан, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон рақобат доранд.

Ҳиндустон - Тоҷикистон - 3:0
Голҳо: Кашима, 12 (1:0). Кашима, 28 (2:0). Скиндиа, 71 (3:0).

Тоҷикистон: Зумрад Назарова, Насиба Олимова (Гулсара Достова, 42), Гуландом Саидова, Наргиза Юнусова (Лайло Раҳмонова, 55), Марҷона Файзуллоева (капитан), Матлуба Абдулова, Муниса Мирзоева, Мавҷуда Сафарова, Ҷонона Ҳалимова, Рухшона Мамадалиева (Гулафшон Сараева, 45), Дилафрӯз Шарифова.


Бутан - Шри-Ланка - 1:5
Бангладеш -
Эрон – 0:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
Эрон
1
1
0
0
5-0
3
2
Шри-Ланка
1
1
0
0
5-1
3
3
Ҳиндустон
1
1
0
0
3-0
3
4
Тоҷикистон
1
0
0
1
0-3
0
5
Бутан
1
0
0
1
1-5
0
6
Бангладеш
1
0
0
1
0-5
0

Тақвими бозиҳои боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон:

Даври 2-юм. 6 март, чоршанбе: Бутан – Тоҷикистон
Даври 3-юм. 7 март, панҷшанбе: Тоҷикистон – Бангладеш
Даври 4-ум. 9 март, шанбе: Тоҷикистон – Шри-Ланка
Даври 5-ум. 10 март, якшанбе: Эрон– Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG