Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар сафар бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозии гурӯҳи “А” рӯзи сешанбе, 5-уми март, дар варзишгоҳи «Sport Citi Stadium»-и Бейрут, ки ғунҷоишаш 60 ҳазор тамошогар аст, бо ҳузури 300 мухлис баргузор шуд.

Дар ин бозӣ ҳисоб дар дақиқаи аввал боз шуд. Тӯб пас аз зарбаи ҳамлагари мизбонон Аҳмад Аломир ба пои ҳимоятгари меҳмонон Фаррух Чориев зада, ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” ворид гашт.

Дар нимаи дувум, дар дақиқаи 60-ум, мизбонон дар ҷаримагоҳи худ бозигари меҳмонон Сафаралӣ Каримовро аз по афтонданд. Сардовар Ёқуб Саид Абдуллоҳ Абдул Воқӣ (Умон) ҷаримаи 11-метра таъин кард. Баъди зарбаи ҳамлагар Комил Саидов ҳисоб баробар шуд – 1:1.

«Сафо» (Лубнон) - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - 1:1
Голҳо: Фаррух Чориев, 2 – ба дарвозаи худ (1:0). Комил Саидов, 60 (1:1).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода, Тоҷикистон): Фарҳод Юлдошев, Далер Тухтасунов, Сафаралӣ Каримов, Фрейтас Фабрисио, Фаррух Чориев, Алексей Неъматов (Ҷамшед Исмоилов, 71), Расул Файзов, Сардорбек Эминов, Хуршед Маҳмудов (капитан), Сантос Элтон, Комил Саидов (Аҳтам Ҳамрокулов, 90+3).

Бозии даври дувумро дастаи «Регар-ТадАЗ» рӯзи сешанбе, 12-уми март, дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн анҷом медиҳад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Риффа» (Баҳрайн) дар майдони худ аз тими «Кувайт» (Кувайт) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳо: Роджерио, 6 (0:1). Абдулло Ал-Бураикӣ, 89 (0:2).

Имрӯз, 6-уми март, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи «D» дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, соати 15:00 шурӯъ мешавад. Садҳо тан аз мухлисони “Равшан” ба шаҳри Хуҷанд барои дастгирии дастаашон омадаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG