Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба Сергей Филин дастгир шуданд


Сергей Филин пеш аз ҳамла ва баъд аз ҷарроҳӣ
Сергей Филин пеш аз ҳамла ва баъд аз ҷарроҳӣ
Дар вилояти Твери Русия рӯзи сешанбе як марди гумонбар дар ҳамла ба раҳбари бадеии Театри Калони Маскав Сергей Филин боздошт шуд. Интерфакс бо такя ба вазорати умури дохилии Русия хабар додааст, ки боздоштшуда Юрий Зарутский ном дорад ва 35-сола аст. Ҳамчунин хабар расид, ки дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи ҳамла ба Филин кормандони полис ҳунарманди театр Павел Дмитриченкоро ҳам дастгир кардаанд.

Дар шаҳри Ступино, воқеъ дар канори Маскав бошад, рӯзи сешанбе боз як шарики эҳтимолии сӯиқасд ба ҷони Сергей Филин боздошт шуд. Ӯ ронандаи мошин аст ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз ӯ Зарутскийро ба назди манзили Филин бурдааст.

Ҳамла ба Сергей Филин рӯзи 17 январ дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст. Шахси ношинос ба рӯи ӯ туршӣ ё кислота пошид. Ба гуфтаи табибон, аз ҳама бештар чашмони ҳунарманди маъруф осеб дидаанд. Баъд аз чанд амалиёти ҷарроҳӣ Филин барои идомаи табобат ба Олмон интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG