Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон: иттилоъ аз ҳамлаҳои толибон нашр намешавад


Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон рӯзи сешанбе эълом дошт, ки нашри ахбор дар бораи ҳамлаҳои толибонро қатъ мекунад. Як ҳафта пеш низомиёни воломақом иқрор карда буданд, ки иттилои нашркардаашон дар бораи соли гузашта ҳафт дар сад коҳиш ёфтани ҳамлаҳои мусаллаҳони ҷунбиши "Толибон" иштибоҳ аст. Акнун ҳайати фармондеҳӣ мегӯяд, ки ҳамлаҳои толибон кам нашудаанд.

Намояндаи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ генерал Гюнтер Катс дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ иштибоҳро бо “давраи душвори интиқоли қудрат аз нерӯҳои хориҷӣ ва артиши Афғонистон” рабт дод.

Ҳафтаи гузашта вазири дифои Амрико Леон Панетта аз иштибоҳи рӯйдода изҳори таассуфу нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG