Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз қатъномаи зидди Пхенян пуштибонӣ мекунад


Русия аз тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин иттилоъ доддааст.

Тарҳи қатънома аз сӯи ИМА таҳия ва дар он густариши таҳримҳо алайҳи Пхенян дар посух ба озмоиши ҳастаии ахир дар Кореяи Шимолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин пештар ИМА ва Чин дар мавриди тарҳи қатъномаи Шӯрои амният ба созиш расида буданд.

Чанде пеш Кореяи Шимолӣ ду қатъномаи Шӯрои амниятро нодида гирифта озмоиши ҳастаиро доир намуд. Дар қатъномаҳои қаблӣ ба Кореяи Шимолӣ интиқол додани силоҳ ва ҳама гуна молу маводе, ки метавонанд барои идомаи пажуҳишҳои ҳастаӣ ва мушаксозӣ истифода шаванд, манъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG