Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Санҷиши навбатии забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ дар вилояти Красноярски Русия мутахассисонро ҳайратзада кард. Ба навиштаи торнамои SmartNews, маълум шуд, ки баъзе аз муҳоҷирон забони русиро аз сокинони бумӣ хубтар медонанд.

Шурӯъ аз рӯзи 1 декабри соли 2012 ҳама муҳоҷирони корие, ки дар бахши гуногуни хадамоти иҷтимоиву тиҷорат кор мекунанд, бояд аз санҷиши то куҷо донистани забони русӣ гузаранд. Фақат дар сурати комёб шудан дар санҷиш ва дарёфти сертификат ё муҷаввиз муҳоҷири корӣ метавонад аз пайи дарёфти ҷойи кор шавад.

Торнамои SmartNews навиштааст, дар санҷиши ахирӣ дар Мактаби забонҳои шаҳри Красноярск, ки соли 2010, яъне ду сол қабл аз имзои қонун дар бораи санҷиши ҳатмии забондонии муҳоҷирон таъсис шудааст, ҳама шогирдон баҳои “аъло” гирифтанд. Ҳодисае, ки ҳатто дар мактабҳои шаҳр иттифоқ намеуфтад. Татяна Черкашина, раҳбари ин тарҳ, мегӯяд, таълими забони русӣ дар ин мактаб ройгон сурат мегирад. Ӯ меафзояд, “соли гузашта ҳар моҳ ба дасти кам 20 нафар дар гурӯҳҳои гуногун, вобаста ба сатҳи забондонияшон, дарс мегуфтем. Ба мо бештар онҳое муроҷиат мекарданд, ки солҳо боз дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, яъне, раҳрӯбҳо, коргарони сохтмон, хуллас, афроде, ки бояд забон омӯзанд ва аммо барои ширкат дар курсҳои пулакӣ маблағ надоранд”. Зимнан, маблағгузории Мактаби забонҳои Красноярск аз буҷаи федеролӣ баъд аз тасвиби қонун дар бораи санҷидани забондонии муҳоҷирони корӣ шурӯъ шуд.

Дар ҳамин ҳол курсҳои пулакӣ, ки донишгоҳҳои маҳаллӣ таъсис кардаанд, талабгори зиёд надоранд. Дар Маркази байнулмилалии Донишгоҳи федеролии Сибир барои омӯзиши забони русӣ солона 70 ҳазор рубл ва барои санҷиш 2,5 ҳазор рубл бояд пардохт кард. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Красноярск низ соли 2012 ягон хориҷӣ аз санҷиш нагузаштааст.

Торнамои SmartNews навиштааст, дар Мактаби забонҳои Красноярск шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова, Туркманистон ва Озарбойҷон ройгон таҳсил мекунанд. Аммо устодон иқрор мекунанд, ки ҳанӯз ҳамаи онҳо тарзи дурусти навишти калимаҳоро намедонанд ва аз ин рӯ соли гузашта аз диктант фақат 35 дар сади шогирдон баҳои хуб гирифтанд. Аммо ҳатто ин нишондод, ба гуфтаи устодон, назар ба сатҳи дониши теъдоди аъзами сокинони маҳаллӣ хело беҳтар аст ва, тавре SmartNews ишора кардааст, “ин бояд моро барои андешидан дар бораи сатҳи босаводии худамон водор созад”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG