Пайвандҳои дастрасӣ

Элмира Абдураззоқова, барандаи озмуни зебосанамҳои Русия, ҳадафи ҳамлаи лафзии миллатгароҳои рус қарор гирифт.

Рӯзи 2 март дар маросими муҷаллали хатми озмуни “Мисс России-2013” тоҷи зебосанамиро ба сари Элмира гузоштанд. Элмира, ки модараш рус ва падараш тотор аст, дар ин озмун аз вилояти Кемерово намояндагӣ мекард.

Аммо вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин пирӯзӣ табассумро аз чеҳраи ӯ дур андохтанд – ҳазорон номаҳои моломол аз нафрату адовати қавмӣ, ки умдатан миллатгароҳои рус иншо карданд, Элмираро барои бастани саҳифаҳои худ дар торнамоҳои иҷтимоӣ маҷбур сохтанд. Як нафар навиштааст, “бояд дар Русия қонуне қабул шавад, ки ширкати занони тотор ва намояндагони дигар аққалиятҳои қавмӣ дар озмуни зебосанамҳоро манъ кунад”. Муаллифи номаи дигар мутмаин аст, ки “лулидухтар наметавонад симои Русия бошад”. Ин гуна вокуниш, ба гуфтаи Элмира, водораш кард, ки ба хотири “ҷилавгирӣ аз дасисаҳои нав” саҳифаи худ дар сомонаи иҷтимоии маъруфи В Контакте-ро бандад.

Элмира мегӯяд, ки шарҳҳо дар сомона сирф миллатгароёна ва саршор аз адовати қавмӣ буданд, ҳарчанд ӯ иқрор мекунад, ки ҳар фарди маъруф бояд чунин вокуниши манфиро дар интизор бошад. Элмира меафзояд, ки саҳифаҳои худ дар сомонаҳои иҷтимоиро ба зудӣ боз нахоҳад кард.

Ҳамлаи лафзӣ ба тотордухтар Элмира Абдураззоқова, ба гуфтаи коршиноcон, баёнгари боло рафтани сатҳи миллатгароӣ дар Русия аст. Чанде қабл казакҳои рус ба хотири ошкор ва муҷозоти муҳоҷирони корӣ ба назорати хиёбонҳои Маскав шурӯъ карданд. Онҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки калисоҳои ортодоксро ҳифз кунанд, то касе ё гурӯҳе натавонад он ҷо чун гурӯҳи Pussy Riot “мардуми русро таҳқир намояд”.

Барои пирӯзӣ дар озмуни зебосанамҳои Русия Элмира Абдураззоқова 100 ҳазор доллар ҷоиза гирифт. Қарор аст, ки ӯ дар озмуни “Зебосанами ҷаҳон” аз Русия намояндагӣ кунад. Волии вилояти Кемерово Аман Тулеев рӯзи 5 март ба Элмира медали маҳаллӣ ва калиди манзили якҳуҷрагиро супурд. Модари Элмира сазовори медали “Шуҷоати модарӣ” ва ҷоиза ба маблағи 50 ҳазор рубл гардид.

Соли 2004 духтари тотор Диана Зарифова барандаи озмуни “Мисс России” шуда буд, аммо пирӯзии ӯ чунин вокуниши манфиро ба бор наоварда буд.

Моҳи гузашта дигар духтари тотор – Дина Ғарибоваи 21 сола барои муаррифии Русия дар озмуни имсолаи “Евровидение” баргузида шуд. Ҳарчанд ӯ мавриди ҳамлаи лафзии густурда дар сомонаҳои иҷтимоӣ қарор нагирифтааст, бархе дар шарҳҳои худ навиштанд, ки Дина "лаёқату хиради ситораи ҳунар шуданро надорад".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG