Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бар зидди раҳбари Hermitage Capital парванда боз мекунад


Мақомоти Русия мегӯянд, ки бар зидди раҳбари Hermitage Capitalпарвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. То соли 2005 раҳбарияти ин муассиса ба таври ғайриқонунӣ ба арзиши 3 миллиард доллар саҳмияҳои “Газпром”-ширкати давлатии Русияро харидорӣ кардааст.

Рӯзи сешанбе вазорати корҳои дохилаи Русия гуфт, далелҳои кофӣ дар ихтиёр дорад, ки Билл Броудер-раҳбари Hermitage Capital, яъне шаҳрванди Британияро гунаҳгор донад.

Додситонҳои Русия пештар Броудер ва ҳамкори руси вай Сергей Магнитскийро барои риоят накардани қонунҳои андоз гунаҳгор эълон карда буданд.
XS
SM
MD
LG