Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин беша бепаланг аст" ва ё Тоҷикистон миллиардер надорад?


Дар рӯйхати 1342 – нафараи маҷаллаи "Форбс", имсол низ миллиардере аз Тоҷикистон ворид нашуд.

Манобеи “Форбс” ва коршиносон мегӯянд, сабаби асосӣ дар он аст, ки сарвати миллиардерҳои тоҷик ба таври ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳамаи ниҳодҳо талош мекунанд, ин иттилоъ махфӣ боқӣ бимонад.

Маҷаллаи “Форбс” ишора мекунад, ки Тоҷикистон кишвари қашшоқтарини собиқ Шӯравӣ аст ва созмони Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International онро ба гурӯҳи кишварҳои фасодзада ворид кардааст.

Бо вуҷуди ин, Татяна Серафин, муаллифи матлаби «Афзоиши оҳистаи миллиардерҳо дар Осиёи Марказӣ», ки "Форбс" нашр кардааст, мегӯяд, Тоҷикистон дар пайи ҷанги дохилӣ зербинои иқтисодияшро аз даст дод ва биноан, хеле вақт даркор аст, то дар ин ҷо сарватмандон зуҳур кунанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Пас оё мешавад, гуфт, ки Тоҷикистон ягон миллиардер надорад? Бархе аз манобеи дохилӣ дар Тоҷикистон дар посухи суол мегӯянд, «ин беша бепаланг нест.» Марити Рабинайте, муҳаррири «Форбс Қазоқистон», ягона замимаи ин маҷаллаи маъруф дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ин нашрия танҳо бо Қазоқистон машғул аст ва пӯшиши кишварҳои дигари минтақа аз Амрико сурат мегирад:

«Он ҷо «Форбс» фаъолият надорад. Ҳамчунин маҷалла ҳам вуҷуд надорад. Дар кулл ба доираи пӯшиши «Форбс – Осиё» дохил мешаванд, ки аз Амрико омода мешавад. Шояд ба ин кишварҳо наомадани маҷалла аз он аст, ки шароит барои ба даст овардани иттилоъ вуҷуд надорад ва ҳам шаффофият дар фаъолияти миллиардерҳо нест. Ман он қадар аз кори онҳо огаҳӣ надорам. Дар Қазоқистон ҳамчунин шароит вуҷуд дорад, аммо дар Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон ҳанӯз на.»

Зимнан, Қазоқистон дар рейтинги ҷаҳонии имсолаи «Форбс» ягона кишвари Осиёи Марказист, ки дар ин рӯйхат чаҳор намоянда дорад. Николай Мазурин, муовини сардабири «Форбс – Русия» дар шарҳи меъёрҳои муайян кардани миллиардерҳо аз сӯи ин маҷалла гуфт, ин қабл аз ҳама баҳогузории бизнеси онҳо дар кулл аст. Вай афзуд, онҳо активҳо, ширкатҳо, шабакаҳои тиҷоратӣ, амволи ғайриманқул, аз ҷумла яхтаву бӯстонсароҳо ва ҳавопаймоҳо доранд.

Ҷаноби Мазурин афзуд: «Усулан мо пеш аз ҳама иттилои ба ҷомиа дастрасро истифода мекунем, ки масалан, дар биржаҳо ба даст меорем. Агар ширкат дар ягон муомилаи тиҷоратӣ ширкат кунад, дороиҳои худро нишон медиҳад. Бонкҳо ҳаҷми пули онҳоро намегӯянд, аммо мо мекӯшем ин иттилоъро аз худи соҳибкор ё намояндааш бигирем. Ҳамчунин мо аз манобеи худ низ иттилоъро дастрас мекунем»

Вақте дар бораи дороиҳои баландарзиш суҳбат мешавад, аз кам касе пӯшида аст, ки дороиҳои бархе шурӯъ аз Тоҷикистон то манотиқи оффшор дар Бритониё густариш меёбанд ва сӯҳбат на аз миллионҳо, балки миллиардҳо меравад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, миллионҳо ё миллиардҳое, ки дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд, аксаран ғайриқонунӣ, ҳатто реша дар сирқати пули буҷаву фасод доранд ва ин вазъ 20 сол аст, ки идома мекунад:

«Панҷ сол мардуми пахтакор пул нагирифт, бепул кор кард, музди корашро намедоданд. Боз роҳҳои зиёд аст. Ҷамъ кардани сармоя аз ҳамон замони бесарусомонӣ аз фурӯши пахта сар шуд. Сарвати миллионерони мо аз истеҳсолот ва ба таври шаффоф ҷамъ нашудааст. Даромади биржаҳои молӣ ҳам ба кисаи афроди муайян меравад.»

Коршиноси дигар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, дар Тоҷикистон расман ягон миллиардер вуҷуд надорад ва ҳатто маблағҳову амволи ғайриманқули онҳо дар бонкҳову кишварҳои хориҷӣ ба номҳое сабт шудаанд, ки умуман онҳоро касе нашунидааст.
XS
SM
MD
LG