Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хостори густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуд


Рӯзи сешанбе Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори тавсеаи ҳамкориҳои миёни Теҳрону Душанбе шудааст. Дар ин бора хабаргузории IRNA иттилоъ додааст.

Вай дар ин сӯҳбат ҳамкориҳои миёни ду кишварро созанда арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ин ҳамкориҳо дар ҳоли густариш аст.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар ҳошияи ҷашни Наврӯз, ки имсол дар Туркманистон баргузор мешавад, мулоқоти дуҷониба барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG