Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳафт тан аз Толибони сулҳталаб дар Покистон ба қатл расидаанд"


Акс аз Толибон.

Акс аз Толибон.

Ба гуфтаи бархе манобеъ дар ҳукумати Афғонистон, ҳафт тан аз фармондеҳони Толибон дар Покистон ба қатл расидаанд.

Ин манобеъ ба шарти ифшо нашудани номашон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин фармондеҳони Толибон аз сӯи Идораи истихборотии Покистон ё ISI ба қатл расидаанд.

Дар ҳамин ҳол Раҳматуллоҳ Набил, муовини Шӯрои амнияти миллӣ ва раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бидуни ироаи ҷузъиёт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз Толибони алоқаманд ба гуфтугӯи сулҳ дар Афғонистон, дар Покистон кушта мешаванд.

«Покистон ҳамеша афроди террорист ва интиҳориҳоро зери номи ҷиҳод барои нифоқандозӣ ба Афғонистон мефиристад. Ҳар касе аз сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад, дар Покистон кушта ва ё ҳам зиндонӣ мегардад ва ин раванд ҳанӯз ҳам дар Покистон идома дорад.»

Покистон ба дархости Шӯрои олии сулҳи Афғонистон чанде пеш ҳудуди 20 нафар аз афроди Толибонро аз зиндонҳои он кишвар раҳо карда буд. Дар он замон Кобул аз ин иқдоми Исломобод истиқбол карда ва онро нишонае аз нияти неки он кишвар дар баробари Афғонистон хонда буд.

Дар ҳамин ҳол дар нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Покистон ва Бритониё, ки ҳудуди як моҳ пеш дар Лондон баргузор шуда буд, раҳбарони ҳар се кишвар ба ин натиҷа расиданд, ки то шаш моҳи дигар дар пайванд ба таҳкими сулҳ дар Афғонистон ба як мувофиқаи дуруст даст ёбанд.

Аммо раиси Шӯрои уламои Покистон ҳафтаи гузашта эълом кард, ки онҳо дар нишасти муштараки уламои ду кишвар иштирок нахоҳанд кард, зеро ба гуфтаи вай, ҳукумати Афғонистон барои ин нишаст барномаи мушаххас надорад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони умури сиёсӣ бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои гузаштаи Покистон ба ин боваранд, ки Исломобод танҳо дар талоши расидан ба аҳдофаш дар Афғонистон аст, на ба хотири таъмини амният дар ин кишвар.

Ҳукумати Афғонистон таъкид мекунад, ки раҳоии сарони Толибон аз сӯи Покистон дар талошҳои ҷории сулҳ кӯмаки зиёд мекунад, зеро ба гуфтаи онҳо, ин кор эътимоди мухолифони мусаллаҳ нисбат ба ҳукумати Афғонистонро бештар менамояд.

Аммо изҳороти нави мақомоти афғон дар хусуси кушта шудани сарони Толибон дар Покистон, як бозии дигари Исломобод дар баробари раванди сулҳи Афғонистон хонда мешавад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки агар Покистон ба ин кораш идома бидиҳад, талошҳои сулҳи ҳукумати Афғонистон барои барқарории сулҳ дар ин кишвар ноком хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG