Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон сохтмони лулаи гази Эронро оғоз мекунад


Осиф Алӣ Зардорӣ

Осиф Алӣ Зардорӣ

Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон эълон кард, ки кишвараш сохтмони ба таъхирафтодаи лулаи гази Эронро бо вуҷуди мухолифати Вошингтон ба ин тарҳ пеш хоҳад бурд. Вай ин нуктаро рӯзи душанбе дар Лоҳур эълон кард ва гуфт, ки иҷрои ин тарҳ 11 март оғоз мешавад.

Зардорӣ гуфт, ки ин лула барои Покистон зарур аст, зеро беш аз пеш эҳтиёҷ ба энержӣ афзоиш меёбад.

Амрико то ҳол ба ин тарҳ мухолиф аст ва ба Покистон ҳушдор додааст, ки агар ба иҷрои ин тарҳ шуруъ кунад, ба таҳрим дучор хоҳад шуд.

Сохтмони ин лулаи газ дар қаламрави Эрон ба поён расидааст. Эрон пешниҳод кардааст, ки аз се як ҳиссаи 1,5 миллиард доллар арзиши сохтмони ин лула дар қаламрави Покистонро ба ин кишвар пардохт мекунад.
XS
SM
MD
LG