Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Кобул Бонк маҳкум ба зиндон мешаванд


Мурофиаи додгоҳии Кобул Бонк

Мурофиаи додгоҳии Кобул Бонк

Додгоҳ ё маҳкамаи Афғонистон ду нафар раҳбарони боломақоми Кобул Бонкро барои фиреби молӣ, ки саранҷом дар соли 2010 сабаби суқути ин бонки бузург шуд, маҳкум ба зиндон кард.

Кобул Бонк ба далели мудирияти заиф ва берун аз кишвар бурдани 900 миллион доллар аз ин бонк тавассути ширкатҳояш ба суқут рӯ ба рӯ шуд.

Ба дунболи он ҳукумати Афғонистон масъулияти раҳбарии ин бонкро бар ӯҳда гирифт ва ҳоло талош дорад ин пулҳои гумшударо ба бонк баргардонад.

Рӯзи сешанбе Шамсулраҳмон Шамс-қозии додгоҳ Шерхон Фарнуд-раиси пешини ин бонк ва Халилуллоҳ Ферозӣ-раиси пешини иҷроиро барои дуздии 800 миллион доллар сармояи бонк муттаҳам эълон кард. Вай дастур дод, ки сармояҳои бонк баргардонида шаванд.

20 нафар кормандони дигари ин бонк низ маҳкум шуданд. Ҳамаи маҳкумшудагон метавонанд бар зидди ҳукми додгоҳ шикоят баранд.
XS
SM
MD
LG