Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар се шаҳри Қирғизистон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд


Садҳо нафар эътирозгарон дар се шаҳри Қирғизистон раҳпаймоӣ анҷом доданд ва талаб карданд, то се узви порламон, ки аз ҷумлаи мухолифони давлат мебошанд, фавран аз зиндон раҳо шаванд.

Бузургтарин тазоҳурот дар шаҳри Ӯш баргузор шуд. Дар ҷануби ин кишвар Ӯш бузургтарин шаҳр ба шумор меравад. Тазоҳуроти дигар дар Ҷалолобод баргузор шуд ва ширкаткунандагони тазоҳурот мегӯянд, ки то раҳо шудани се мухолифи зиндонӣ тазоҳуротро идома медиҳанд.

Дар шаҳри Қарокӯл воқеъ дар шимол ҳизби Ата-Жорт бо ҷонибдоронаш раҳпаймоӣ анҷом дод. Дар он 400 нафар ширкат доштанд.

Соли гузашта раҳбарони ҳизби Ата-Жорт Қамчибек Ташиев, Садир Жапаров ва Талант Мамутов барои таҳрик кардани нооромиҳо маҳкум ба зиндон шуданд.

Моҳи октябри соли 2012 бо ширкати тақрибан 1000 нафар дар Бишкек тазоҳуроти эътирозомез баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG