Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони “Равшан” озими Хуҷанд шуданд


Мухлисони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барои тамошои нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013, ки рӯзи 6-уми март бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун доир мешавад, озими шаҳри Хуҷанд шуданд.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон ва тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, рӯзи чоршанбе соати 17 шурӯъ мешавад.

Ҳамакнун садҳо тан аз мухлисони “Равшан” тавассути васоили нақлиёти мухталиф ба шаҳри Хуҷанд барои дастгирии дастаашон раҳсипор шудаанд.

Доварони ин бозӣ аз Узбакистонанд. Сардовар Владислав Тсейтлин, ёварони ӯ – Ҷаҳонгир Саидов ва Ҳусниддин Шодмонов, довари эҳтиётӣ Азиз Осимов таъин шудаанд. Комиссари бозӣ Муҳаммадризо Касроӣ аз Эрон мебошад.

Дастаи “Ал-Рамза” дар ҳамин ҳол дар меҳмонхонаи Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд иқомат дорад ва ба нахустин бозиаш бо “Равшан” омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG