Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба Эрон: "Гузинаи низомӣ ҳамчунон рӯи миз аст"


Муовини раиси ҷумҳури Амрико.
Муовини раиси ҷумҳури Амрико.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Эрон ҳушдор дод, ки гузинаи низомӣ ҳамчунон рӯи миз аст.

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар мавриди фаъолияҳои ҳассоси ҳастаии Эрон гуфт, «Амрико ба дунболи ҷанг нест, аммо ҳамаи гузинаҳо – аз ҷумла гузинаи низомӣ ҳамчунон мадди назар аст.»

Оқои Байден, ки дар нишасти солонаи Кумитаи равобити умумии Амрико ва Исроил суханронӣ мекард, афзуд, раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди азми кишвараш барои боз доштани Эрон аз дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ лоф намезанад.»

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ дар тамоси видеоӣ бо ин нишаст гуфт, танҳо калимот ё таҳрим, Эронро мутаваққиф намекунад. Ба гуфтаи нахуствазири Исроил, таҳримҳо бояд бо таҳдиде рӯшан дар мавриди ҳамлаи низомӣ ҳамроҳ бошанд.

Ҳамзамон Ҷон, Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ки ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст, гуфт, фурсати дастёбӣ ба роҳи ҳалли дипломатӣ барои масъалаи ҳастаии Эрон номаҳдуд нест.

Таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба хотири водорсозии Теҳрон барои даст бардоштан аз идомаи таҳқиқи барномаи ҳастаӣ дар як соли ахир шадидтар шуданд. Сарпечиҳои Теҳрон аз таваққуфи барномаи ҳастаӣ, то кунун ба афзоиши пайдарпайи таҳримҳо алайҳи Эрон анҷомидааст.
XS
SM
MD
LG