Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин теъдоди пайравони адёнро эълон кард


Кумитаи дини Тоҷикистон такя ба иттилои Агентии омори кишвар теъдоди пайравони динҳоро дар Тоҷикистон эълон кардааст. Бино ба иттилои ин кумита, “аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ 5-уми феврали 2013 аҳолии ҷумҳурӣ 8 миллионро ташкил дод ва аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 миллиону 952,0 ҳазор мусалмон ва 48,0 ҳазор намояндагони динҳои дигар мебошанд.”
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, тибқи маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010, 7 миллиону 522,9 ҳазор нафар ё 99,4 фоизи аҳолии кишварро мусалмонон ва 41,6 ҳазор нафар ё 0,6 фоизи дигарашро намояндагони динҳои дигар ташкил медоданд.
Ин дар ҳолест, ки ба бовари иддае аз рӯҳониён теъдоди сокинони ғайримусалмони кишвар бештар аз он аст, ки мақомоти расмӣ мегӯянд. Зеро, ба қавли онҳо, таи бист соли охир бархе аз сокинони мусалмони Тоҷикистон барои дарёфти маблағ ва ризқу рӯзӣ ба фирқаҳои мухталифи масеҳият, аз ҷумла Сонмини куриёӣ ва Шоҳидони Яҳво, рӯ оварданд.
XS
SM
MD
LG