Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Футболбози тоҷик дар дастаи “Слобода” ба бозӣ шурӯъ кард


Нуриддин Давронов

Нуриддин Давронов

Нуриддин Давронов, бозигари 22-солаи тоҷик ва узви дастаи мунтахаби миллии кишвар, дар Суперлигаи Сербия дар бошгоҳи «Слобода»-и Ужитса бозӣ кард.

Нуриддин Давронов дар ҳайати «Слобода» дар бозии даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии Сербия ширкат варзид. Дар ин бозӣ “Слобода” бар БСК «Борча» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаҳои охири бозӣ ҳамлагар Предраг Ранҷеловичро, ки солҳои пеш дар бошгоҳҳои футболи Русия - «Анжӣ» (Махачқалъа), ССКА (Маскав) ва «Зенит» (Санкт-Петербург) бозӣ мекард, иваз намуд.

Чунон ки сомонаи бошгоҳи "Слобода" хабар додааст, ба майдон омадани футболбози тоҷикро тамошогарон аз ҷо бархоста, бо кафкӯбиҳо гарму ҷӯшон истиқбол кардаанд.

Баъди ин ғалаба “Слобода” бо 27 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа як зина боло – ба ҷойи 5-ум баромад. “Слобода” бозии навбатиро дар мусобиқаи қаҳрамонии Сербия рӯзи 9-уми март дар сафар бо тими «Донӣ Срем» аз шаҳри Печинсӣ анҷом хоҳад дод.

Собиқ бозигари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин Давронов ба сомонаи бошгоҳи пешини худ чунин гуфтааст: “Дар дастаи “Истиқлол” бозӣ кардан дар ҳаёти варзишии ман қадами бузурге буд, вале ман пешниҳоде гирифтам, ки аз он даст кашидан мумкин нест. Ман аз раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов миннатдорам, ки маро фаҳмид ва ба ман иҷозат дод, ки имконияти ба «Слобода»-и Сербия гузаштанро истифода намоям. Ин қисмати нави ман аст ва мехоҳам, ки худро бисанҷам.”


XS
SM
MD
LG