Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

60 сол пас аз марги Иосиф Сталин


Рӯзи панҷуми март аз даргузашти диктатори Шӯравии собиқ Иосиф Сталин 60 сол пур шуд.

Ин шахсияти баҳсбарангези таърихи асри бисти ҷаҳон, рӯзи 5-уми марти соли 1953 баъди беморӣ даргузашт.

Иосиф Виссарионович Сталин наздик ба се даҳа раҳбарии империяи Шӯравиро ба дӯш дошт ва дар душвортарин рӯзҳо онро сардорӣ намуд ва дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ Олмони нозӣ ва ҳампаймононашро ба зону даровард.

Ҳамзамон, қатлҳои ваҳшиёна дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1922 то 1953, ба номи ӯ рабт дода мешаванд ва замони раҳбарии Сталин ҳазорҳо тан аз донишмандону диндорон, рӯшанфикрону дигарандешон ва сармоядорону афроде, ки сиёсати ҳукумати шӯравиро қабул надоштанд, ё бадарға ва ё дастаҷамъона қатл шудаанд.

Бо вуҷуди ин муаррихони тоҷик шахсияти сиёсии Сталинро намоёнтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳон дар садсолаи ахир баҳогузорӣ мекунанд. Раҳим Масов, муаррихи тоҷик мегуяд, Сталин асосгузори бузургтарин давлати ҷаҳон буд ва он давлатро маҳз ӯ ба зинаи абарқудратӣ расонд. Ҳамчунин ба қавли ӯ асоси ҳуқуқии давлатҳои феълан соҳибистиқлоли собиқ шӯравиро Сталин гузошт. Ба қавли ҷаноби Масов, пайванд додани исми Сталин ба репрессияи он замон иштибоҳ аст, зеро он иқдом ба хотири ҳифзи давлати ҷавони шуравӣ аз душманони хориҷӣ буд ва аслан дастандаркорони репрессияи солҳои 30-юм атрофиёни Сталин буданд.

Сталин ва Тоҷикистон (бахши 1)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00


Сталин ва Тоҷикистон (Бахши 2)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

Ба қавли муҳаққиқон ва донишмандони тоҷик репрессияи Сталини дар Тоҷикистон аз се давр иборат аст, шадидтарини он репрессия солҳои 34 то 38 ва замони баъди ҷанг то соли 1949 будааст. Бар тибқи иттилои бархе маъхазҳои таърихӣ Сталин ба Бобоҷон Ғафуров, котиби авали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон супориш дода буд, ки 120000 нафар дар ин кишвар қатл шавад: вале ниҳояти амр 2840 нафар эъдом ва наздик ба 40000 нафар бадарға шудаанд.

Муаррихони тоҷик мегуянд, феълан бойгонӣ ва маводе, ки марбут ба репрессия замони ҳукумати Сталин аст, ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ошкор нашудааст ва дар бораи шумораи умумии афроди репрессияшуда рақами дақиқеро гуфтан ғайримумкин аст.

Ба фикри Шумо, Сталин чӣ шахсе буд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG