Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод: Сарбозони Сурияро чирикиҳо куштанд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, чирикиҳои Сурия вориди қаламрави Ироқ шуда, 48 сарбози суриягиро куштаанд. Ин нирӯҳо рӯзи 1 март дар пайи тасарруфи як посгоҳи марзӣ аз сӯи чирикиҳое, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, ба Ироқ паноҳ оварданд. Ҳамлагарон дирӯз ба корвоне, ки онҳоро ба Сурия пас мебурд, дар минтақаи Акашоти вилояти умдатан суннинишини Анбор шабехун задаанд. Дар ин ҳамла 9 сарбози ироқӣ низ ҷон бохтанд. Бағдод гуфт, ҳар навъи талоши ба Ироқ густариш додани низоъи хунини Сурияро фурӯ хоҳад нишонд. Низоъи Сурия боиси афзоиши мухолифатҳои мазҳабӣ дар Ховари Миёна шудааст.
XS
SM
MD
LG