Пайвандҳои дастрасӣ

Сооти барномаҳои "Пойтахт" камтар мешавад


Телевизиони “Пойтахт” баъди 8 рӯзи қатъ шудани пахши барномаҳояш дубора ба эфир бармегардад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири “Пойтахт” ба Озодӣ гуфт, ибтидо қарор буд, пахши барномаҳои ин шабака соати шаши шоми душанбе аз сар гирифта шавад, вале тармими фиристанда каме тӯл кашид. Бо ин ҳол, сооти пахши барномаҳои “Пойтахт”, ки 18 соат дар шабонарӯзро ташкил медод, то замони харидории фиристандаи наву қавитар то 8 соат дар шабонарӯз коҳиш хоҳад ёфт. Пахши барномаҳои “Пойтахт” шоми 25 феврал, вақте қатъ шуд, ки сӯҳбати шоири маъруф Гулрухсорро пахш мекард. Аммо масъулини “Пойтахт” мегӯянд, ки қазия ангезаи сиёсӣ надорад, балки як мушкили фаннист.
XS
SM
MD
LG