Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имоми Майамӣ гунаҳкор шинохта шуд


Як имоми масҷид дар Амрикоро дар ҷамъоварии ҳазорон доллар барои ҳимоят аз Таҳрики Толибони Покистон муҷрим шинохтанд. Ҳофизхони 77-сола – имоми масҷиди Майамӣ дар аёлати Флорида- тибқи ду банд ба сӯъиқасд ва бо ду банрди дигар ба ҳимоят аз террористҳо гунаҳкор шинохта шуд. Ҳар кадоми ин иттиҳомот то 15 сол ҳукми зиндон муҷозот дорад. Ин парванда бар пояи садҳо сабти сӯҳбатҳои Ҳофизхон аз сӯи FBI сохта шудааст, ки ӯ дар он сӯҳбатҳо аз ҳамлаҳои Толибон ҳимоят карда, дар бораи таҳвили ҳудуди 50 000 доллар ба Покистон ҳарф задааст. Ҳофизхон исрор дорад, ки ин пулро барои хонаводаашу корҳои хайрия ва як мадраса дар водии Свот фиристодааст.
XS
SM
MD
LG