Пайвандҳои дастрасӣ

Пули 2700 Роғун дар дасти 1426 "бойбобо"


Карлос Слим - "бойбобо"-и аввали дунё

Карлос Слим - "бойбобо"-и аввали дунё

Маҷаллаи амрикоии "Forbes" рӯйхати имсолаи афроди сарватманди дунёро нашр кард, ки теъдоди бесобиқаи 1426 миллиардерро дар бар мегирад.

Ҷамъи дороиҳои онҳо 5,4 триллион доллар баровард мешавад, ки назар ба 4,6 триллиони қаблӣ бештар аст. Агар барои сохтани нирӯгоҳи Роғун 2 миллиард доллар сармоя лозим бошад, пас метавон ҳисоб кард, ки ин 1426 нафар он қадар дороие доранд, ки барои сохтани 2700(!!!) Роғун кифоят мекунад.

Карлос Слими мексикоӣ бо 73 миллиард доллар аз соли 2010 ба ин сӯ бойтарин марди сайёра шинохта мешавад. Мақоми дувумро дар ин рӯйхати Forbes муассиси Microsoft Билл Гейтс бо 67 миллиард доллар дороӣ дар даст дорад.

Имсол бори аввал ҷои сеюми ҷадвали миллиардерҳои дунё насиби Амансио Ортега – молики силсилаи мағозаҳои испании “Zara” шуд. Дар як соли охир бахт бештар аз ҳама ба рӯи ӯ хандидааст ва Ортега дар ин як сол сарвати худро ба 19,5 миллиард доллари дигар афзуд. Сармоядори амрикоӣ Воррен Баффетт низ дар як сол ҷамъи дороиҳояшро 9,5 миллиард доллар бештар кард, вале боз ҳам натавонист мақоми севуми ҷадвали Forbes-ро имсол ҳифз кунад. Ӯ аз соли 2000 то 2013 ҳамеша дар мақоми севуми ин ҷадвал буд.

Амрико - ҳамоно дар ҷои аввал


Бештари миллиардерҳои дунё – 442 нафар – амрикоиянд. Кишварҳои Осиёву Уқёнусия 386 миллиардер, Аврупо – 366, ҳарду қораи Амрико, ба истиснои Иёлоти Муттаҳида, - 129 миллиардер дошта, 103 тани дигар аз ин феҳраст аҳли Ховари Миёнаву Африқо будаанд.


Алишер Усмонов - бойтарин нафар дар Русия

Алишер Усмонов - бойтарин нафар дар Русия

Кишварҳои пасошӯравиро дар рӯйхати имсолаи Forbes 125 нафар “зеб” медиҳанд, ки 110 нафараш аз Русия ва 10 тани дигар аз Украина будаанд. Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ бо касби мақоми 229-ум танҳо намояндаи Қафқоз дар ин рӯйхат аст. Осиёи Марказиро 4 миллиардер аз Қазоқистон – Владимир Ким, Булат Утемуратов ва домоду духтари президенти кишвар Нурсултон Назарбоев – Темур ва Динора Қулибоевҳо – намояндагӣ мекунанд. Вале баландтарин мақомро дар рӯйхати Forbes аз кишварҳои пасошӯравӣ Алишер Усмонов дорад. Усмонов, ки дар рӯйхати имсолаи миллиардерҳои дунё дар мақоми 34-ум омадааст, ҳарчанд дар Русия зиндагӣ ва тиҷорат мекунад, қарори маълум, зодаи Узбакистон аст.

Дар як соли охир ба ҷамъи миллиардерҳо 210 “бойбобо”-и нав аз 42 кишвар афзудааст. Дар айни замон 60 нафар, аз ҷумла 8 тан ба иллати марг, рӯйхати миллиардерҳои дунёро тарк гуфтаанд. Шумори миллиардерҳои зан низ дар соли 2013 афзуда, аз 104 ба 138 нафар расидааст. Аз ин шумор 50 зан амрикоӣ будаанд.

Роман Авдеев – молики 45-солаи “Кредитбанк”-и Маскав дар рӯйхати имсола дар радифи бонкдори саудӣ Сулаймон Ал-Раҷҳӣ серфарзандтарин миллиардерҳои дунё номбар шудаанд. Ҳарду 23-фарзандӣ доранд, вале аз 23 кӯдаки Авдеев 19 танашро ӯ ба фарзандӣ гирифтааст. Нуқтаи дигари ҷолиб, ки Forbes таъкид кардааст, ин аст, ки аз 1426 миллиардери ҳисобшудаи дунё танҳо 184 нафараш ин дороиро мерос гирифта, 281 тан меросеро, ки гирифтанд, афзоиш додаанд. Вале 961 нафар, яъне аз се ду ҳиссаи сарватмандтарин афроди дунё онҳоеянд, ки ин ҳама давлатро бо дастони худ сохтаанд.

Осиёи Марказӣ - кони ояндаи миллиардерҳо?

Маҷалла бахши марбут ба Осиёи Марказии гузоришашро “Афзоиши сусти миллардерҳо дар Осиёи Марказӣ” ном карда, менависад, дар ин минтақа иқболи миллиардерҳо мустақиман ба пешрафти иқтисодҳои миллӣ ва ҳам ҳамин тавр, ба сурати зич ба ҳамоиш бо сиёсатҳои миллӣ бастагӣ дорад.

Маҷалла аз ҷумла аз зану шавҳар Темур ва Динора Қулибоевҳо мисол овардааст, ки бозгашти онҳо ба рӯйхати миллиардерҳо маҳз дар пайи ёронаҳои давлати Назарбоев ба "Холиқбонк"-и ин хонавода дар пайи буҳрони молии соли 2007 муяссар шуд.

Чашмаи дигаре ки сарватҳои бузурги ин минтақа аз он об мехӯранд, ҳукуматҳои худкома ва фасод гуфта мешавад. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақомҳои хеле поёни раддабандии созмони Транспаренсӣ Интернешнал қарор доранд.

Forbes менависад, “Тоҷикистон, ки Транспаренсӣ Интернешнал дар байни 176 кишвар дар мақоми 157-умаш гузоштааст, фақиртарин кишвари паҳнои пасошӯравист. Тибқи маълумотномаи Идораи марказии ҷосусии Амрико, “ба иллати камбуди имкони кор дар Тоҷикистон, то як миллион тоҷик дар хориҷ ва аксаран дар Русия кор мекунанд ва хонаводаҳои худро бо ирсоли пул ҳимоят мекунанд.”

Бо овори ҷанги шаҳрвандӣ ва зербинои харобшуда ин кишвар ҳанӯз роҳи тӯлоние ба сӯи пешрафт дар пеш дорад.” Аммо маҷаллаи амрикоӣ бовар дорад, ки аз ҳар кадоми ин кишварҳо, ҳатто аз Қирғизистони фақиру ақибуфтода ҳам дар оянда миллиардерҳои наве ба майдон хоҳанд рехт. Ваё алакай ҳастанд чунин “бойбобо”-ҳову сарвати худро аз мову шумо ва ҳам аз Forbes пинҳон мекунанд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG