Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли дастикам 40 суриягӣ дар Ироқ


Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки афроди мусаллаҳи ношинос дастикам 40 сарбозу ходими давлатии Сурияро куштаанд. Ин афрод ҳафтаи гузашта аз чирикиҳои зидди режими Башор Асад фирор карда, ба Ироқ паноҳ оварданд. Ҳамлагарон дирӯз ба корвоне, ки онҳоро ба Сурия пас мебурд, дар минтақаи Акашоти вилояти умдатан суннинишини Анбор шабехун задаанд. Кушташудаҳо аз ҷумлаи 65 нафареанд, ки рӯзи 1 март худро ба мақомоти Ироқ таслим карданд.
XS
SM
MD
LG