Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 кушта дар ҳамлаи маргталабона дар Мусил


Бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар шимоли Ироқ 5 афсари пулис кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, маргталаб дирӯз худро дар назди як посгоҳи пулис дар шаҳри Мусил тарконд. Дар ин ҳамла дастикам 8 тани дигар, аз ҷумла ходимони пулис, ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст, вале мақомот ба афзоиши ҳамлаҳои ҷангиёни суннӣ дар соли ҷорӣ, ки зоҳиран ҳукумати таҳти раҳбарии шиъаҳои Ироқро ба ҳадаф доранд, таъкид мекунанд.
XS
SM
MD
LG