Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сардабири "Трибуна": Норинҷакҳоро махсус мондаанд


Сардабири нашрияи мустақили “Трибуна” дар Қирғизистон мегӯяд, 3 норинҷаки ёфтшуда дар дафтари ин нашрия дар Бишкекро махсус гузоштаанд. Пулис гуфт, ин норинҷакҳо ва детонаторҳоро рӯзи душанбе аз як қуттии қоғаз дар дафтари “Трибуна” пайдо кардааст. Аммо сардабири нашрия Ирис Омурзоқов ба Озодӣ гуфт, ин норинҷакҳоро маъмурони амниятӣ ба хотири интиқомгирӣ аз як китоби тоза нашршуда, ки аз давлати кунунии Қирғизистон интиқод мекунад, гузоштаанд. “Трибуна” нашрияи русиест, ки матолиби гурӯҳҳои мухолифро нашр мекунад. Афсарони пулис мегӯянд, амалиёти ҷустуҷӯиро бар пояи занги як нафари ношинос, ки аз вуҷуди маводи мунфаҷира дар идораи нашрия хабар дод, доир карданд.
XS
SM
MD
LG