Пайвандҳои дастрасӣ

Даври шашуми музокироти Косово ва Сербистон


Кетрин Эштон

Кетрин Эштон

Дар Брюссел даври шашуми музокироти Сербистону Косово бо миёнҷигии ИА анҷом ёфт. Раҳбари сиёсати хориҷаи ИА Кетрин Эштон гуфт, нишасти таҳти раҳбарии ӯ бо сарвазирони Сербистону Косово Ивиса Дачич ва Ҳошим Тоҷӣ “пешрафти хуб дошт, аммо то дидори навбатии мо дар 20 март бархе корҳо бояд анҷом шаванд.” Мавзӯъи ин дидор таҳияи роҳҳои идораи сербҳои сокини шимоли Косово буд. Косово соли 2008 истиқлолаш аз Сербистонро эълон кард, вале Белград ва даҳҳо ҳазор серби сокини шимоли Косово онро қабул надоранд ва то ҳол ин минтақаро як бахши Сербистон мешуморанд. Белград исрор дорад, ки манотиқи умдатан сербнишини шимоли Косово бояд дар масоили пулису додгоҳ ва маориф мухторият дошта бошанд. Приштина ба ин зидд аст.
XS
SM
MD
LG