Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Карзай аз Покистони ҳамсоя


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Покистон интиқод кард, ки барои мубориза бо терроризм талоши кофӣ нишон намедиҳад. Карзай, ки дар Кобул дар канори дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Покистон барои кумак ба Афғонистони ҳамсояаш дар амри ҳалли сулҳомези мавзӯъи муқовимати Толибон “гоми амалӣ” намекунад. Ӯ афзуд, ҳамлаҳои ахири хунин алайҳи шиъаҳо дар Покистон ҳокист, ки вазъ аз назорат хориҷ шуда, ҳарду кишвар “акнун дар як оташ месӯзанд.” Карзай аз ҷумла аз як фатвои уламои аршади покистонӣ интиқод кард, ки ҳамлаҳои маргталабона дар Афғонистонро ҳаққ мебароранд. Ҳафтаи гузашта Тоҳир Ашрафӣ – раиси Шӯрои уламои Покистон ба ин далел ки нирӯҳои таҳти фармони НАТО ишғолгаранд, ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистонро шаръӣ ҳукм кард.
XS
SM
MD
LG